LIVE

“МЮ” шонси баромадан ба зинаи сеюмро аз даст дод

Дастаи “Манчестер Юнайтед”, зери роҳбарии мутахассиси  норвегиягӣ - Уле-Гуннар Сулшер имкон дошт, ки аз зинаи панҷум ба мақоми сеюми ҷадвали умумӣ барояд, аммо дар дидор бо тими “Саутгемптон” ғолиб омада натавонист.  “Манчестер Юнайтед”  ва “Лестер Сити” баъд аз 35 бозӣ 59 имтизӣ доранд. Фишор нисбати "Челси" бештар шудааст, чунки лондониҳо як имтиёз бештар доранд. Барои дарёфти роҳхати Лигаи Чемпионҳо муборизаро то охир идома медиҳанд. Дар доираи бозиҳои  даври 35-уми чемпионати Англия  бошгоҳи «Манчестер Юнайтед»  дар варзишгоҳи худ тими  “Саутгемптон” – ро пазируфт. Ҳисоб дар дақиқаи 12-ум кушода шуд.   Стюарт Армстронг тӯбро  вориди дарвозаи “МЮ” намуд.  Маркус Рашфорд  дар   дақиқаи   20-уми бозӣ    ҳисобро баробар сохт. Дар дақиқаи 23-юм Антони Марсял голи дуюми соҳибони майдонро   ба номаш муҳр зад. Рақобат бо ҳисоби 2 бар 2  поён ёфт, зеро дар дақиқаи 96-уми бозӣ Майкл Обафеми  “Саутгемптон”-ро аз нокомӣ наҷот бахшид. «Манчестер Юнайтед» дар 4 бозии охир пайдарҳам рақибони худро бо ҳисоби калон шикаст медод. Акнун ба натиҷаи мусовӣ даст ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив