LIVE

Футболи Бразилия имрӯзро фаромӯш карда наметавонад

Шаш сол қабл дар ин рӯз яке аз бозиҳои таърихӣ баргузор гардида буд.  Дар бозии даври нимниҳоии Чемпионати Ҷаҳон - 2014 мунтахабҳои Бразилия ва Германия байни ҳам рақбат карда буданд. Олмониҳо бо ҳисоби калони 7 бар 1 ғалаба карданд. Дар ҳайати мунтахаби ғолиб Тони Кроос ва Андре Шюррле дуголӣ заданд.  Томас Мюллер, Мирослав Клозе ва Сами Хедира низ муаллифи гол шуданд. Дар ҳайати Бразилия ягона голи шармшиканро Оскар зада буд. Ин аввалин ва охирин бохти таҳқиромези Бразилия дар таърихи мавҷудияташ маҳсуб мешавад.  Ҳамзамон ин бози серголтарини даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳон  дар таърихи Чемпионати Ҷаҳон гардид. Олмон нахустин дасте гардид, ки дар даври нимниҳоӣ 7 гол зад ва баъдан унвони қаҳрамониро дар Ҷоми Ҷаҳон 2014 ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив