LIVE

Роналдинйо ба футбол бармегардад

Собиқ бозигари мунтахаби Бразилия ва клубҳои «Милан», «Барселона» - Роналдинйо имкон дорад, ки дубора ба корномаи варзишии худ оғоз бахшад. Тавре дафтари Marca хабар медиҳад, ниммуҳофизатгар метавонад дар дастаи аргентинии «Химнасия ва Эсгрим», ки сармурабиаш Диего Марадона мебошад, бозӣ кунад. Собиқ футболбози беҳамто мақсад дорад, ки Роналдинйоро ба ҳайати тими худ ҷалб созад. Вале феълан аз сабабе, ки футболбоз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, бо клуби аргентинӣ гуфтушӯнид карда наметавонад. 
Роналдинйо соли 2016 бояд бо дастаи «Химнасия» қарордод мебаст, аммо бо сабабҳои номаълум ин кор ба хуби анҷом наёфт. 
Роналдинйо рӯзи 16-уми январи соли 2018  расман ба фаъолияти футболбозии худ хотима бахшидааст. Дастаи охирини ӯ «Флуминенс» мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки Роналдинйо ва бародари ӯ Роберто дар фурӯдгоҳи Асунсион бо шиносномаҳои қалбакӣ дастгир гардиданд. 5-уми март прокурори генералии Парагвай барои ҳабси онҳо қарор қабул намуд, аммо рӯзи дигар футболбози собиқ аз ҳабс озод карда шуд. Вале бо гузораи чанд соат, Роналдинйо бо дархости пракурори генералӣ боз дастгир гардид. Баъдтар суди Парагвай қарор баровард, ки ҳабси Роналдинйо ба мӯҳлати 6 моҳ дароз карда шавад. Рӯзи 9-уми апрел бошад, Роналдинйо ва бародараш Роберто де Ассис Морейре аз зиндон озод карда шуданд, аммо бар ивази  1,6 млн $. Феълан бародарон дар меҳмонхонаи «Палмарога»-и  Асунсона дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив