LIVE

Моуриню муқобили дастаи собиқаш

Дар доираи бозиҳои даври 30-юми Чемпионати Англия дастаи “Тоттенхэм Хотспур” дар  майдони худ бошоҳи “МЮ”-ро мепазирад. Рақобати дастаҳои “Тоттенхэм” ва “МЮ” ҳамеша ҷолибу диданӣ сурат мегирад. Ин навбат ин ду тим паз аз танаффуси тӯлонӣ рӯ ба рӯи ҳам мешаванд. Жозе Моуринюро мебояд бо дастаи собиқаш дар набард бошад. Ҳарду даста барои роҳ ёфтан ба Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо талош доранд.  Девҳои сурх дар зинаи 5-уми ҷадвал ва лондониҳо дар мақоми 8-ум ҷойгиранд. Қабл аз карантин шогирдони Оле Гуннар Сулшер дар ҳолати хуби физикӣ буданд ва силсилаи бозиҳои бебохти худро дар ҳама мусобиқаҳо ба 11 адад расонидаанд. Вале дастпарварони Моуриню баръакс, дар се даври охир танҳо 1 имтиёз ба даст оварда, аз "Челси" ва “Вулверхэмптон” шикаст хӯрда буданд. Шояд танаффус ба онҳо фоида оварда бошад. Ҳарду дастаҳо чандон мушкилоти кадрӣ надоранд. Танҳо яке аз бозигарони калидии “Тоттенхэм” - Деле Аллӣ аз ҳаққи ширкат дар вохӯрӣ маҳрум аст. Хуллас, барои ҳарду ҷониб имтиёз хеле зарур мебошад. Ин маънои онро дорад, ки моро бозии диданӣ интизор аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив