LIVE

Пазмони бозии кадом даста ё футболбоз шудед?

Ин шом яке аз ҷолибтарин мусобиқаҳои футбол дар сайёра Премйер лигаи Англия низ бармегардад. Ҳарчанд дидорҳо дар ин чемпионат низ бидуни мухлис сурат мегиранд, аммо баргашти футбол ба майдон гувоҳи он аст, ки ҷаҳон баъд аз хурӯҷи коронавирус рӯ ба барқарорӣ дорад. Дар ин се моҳе, ки футболи англисӣ дар хоби гарон рафта буд, мухлисон пазмони бозии кадом тим ё худ чеҳраҳои алоҳидаи ин чемпионат шуданд? Бисёриҳо бар он назаранд, ки футбол бе ҳузури мухлис бе рангу бе нур ва хушку холисту ҷолибияташро каме гум кардаасту барои ҷозибияташ чизе намерасад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив