LIVE

«Барса» барои Коутиню аввалин дархости расмӣ қабул кард

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» ба футболбози бразилии тими «Барселона» - Филиппе Коутиню таваҷҷуҳ дорад ва дар ин самт аввалин қадами устувор барои соҳиб шудани ӯ гузошт.
Тавре Sport.es хабар медиҳад, «девҳои сурх» ба суроғаи «Барселона» номаи расмӣ равона кардаанд. Феълан ба ҳунари Коутиню якчанд даста, аз ҷумла «Челси», «Тоттенхэм»  ва  «Ливерпул» низ таваҷҷуҳ доранд.
Коутиню соли 2019 аз «Барселона» ба «Бавария» бо маблағи 8,5 млн евро ҳамчун бозигари иҷоравӣ гузариш намуд. Дар мавсими ҷорӣ футболбози 27 сола дар 22 дидор ба майдон баромада, ба задани 8 гол ва 6 партофти самаровар даст ёфтааст. 
Қарордоди Коутиню бо «Барселона» то соли 2023 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив