LIVE

Премйер Лигаи Англия то соли 2021 бе мухлис мегузарад

Ба дастаҳои футболи Премйер Лигаи Англия хабар дода шудааст, ки бозиҳои худро бо дарҳои баста давоми як соли оянда баргузор хоҳанд кард. 
Қаблан дафтари матбуотии Лигаи мазкур иттилоъ дода буд, ки клубҳо шуруъ аз 19-уми май ба қароргоҳҳои тамринии худ  бармегарданд.    Ин хулоса дар натиҷаи овоздиҳии соҳибмулкони дастаҳои футбол бароварда шуд. 
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки дастаҳо бояд тамринро дар гурӯҳҳои махсуси шумораи футболбозонашон кам баргузор намоянд ва зимни машғулятҳо масофаи муқараргардидаро риоя кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив