LIVE

Обамеянг: умед дорам, ки ба «Реал» меравам

Ҳамлагари дастаи «Арсенал» - Пйер-Эмерик Обамеянг иқрор омад, ки хоҳиши зиёди бозӣ кардан дар тими  «Реал Мадрид» - ро дорад. 

"«Реал» — клуби қалби ман аст  ва ман ба бобои худ ваъда додаам, ки замоне дар ҳайати он бозӣ мекунам.  Умедворам, ки ин мақсадам амалӣ мешавад", — гуфтааст  Обамеянг ба сомонаи Goal.com. 
Қаблан хабаре паҳн шуд, ки «Реал» барои ин ҳамлагар ба «Арсенал» дархост фиристодааст.  Қарордоди нишонзани 30 солаи гамонӣ бо клуби лондонӣ то моҳи июни соли  2021 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив