LIVE

Обамейанг ба “Реал” ё «Барселона» мегузарад

Нишонзани «Арсенал» Пйер-Эмерик Обамейанг ҳавасмандии худро баҳри тарки бошгоҳи лондонӣ баён доштааст.  Ҳамлагари габониро натоиҷи рақобатҳои мавсим ва мавқеъи клубаш дар ҷадвал қонеъ намекунад, зеро феълан «Арсенал» мақоми 10-уми ҷадвали ПЛА-ро ишғол мекунад. Бо назардошти он, ки ба ин футболбоз тимҳои маъруф ба монанди «Реал», «Барселона» ва «Интер» таваҷҷуҳ доранд, ӯ мақсади тамдиди шарномаро бо тими кунунии худ надорад. Пйер-Эмерик Обамейанг соли 2017 ба «Арсенал» омад ва дар ин муҳлат 68 маротиба бо пироҳани лондониҳо майдондорӣ намуда, 43 гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив