LIVE

Аввалин тамрини “Барселона”

Бозингарони дастаи “Барселона” як қатор машқҳоро дар асоси мутобиқшавӣ ба ҳаракатҳои гуногун дар майдон ҳам бо тӯб ва ҳам бидуни тӯб анҷом доданд. Футболбозони асосии даста дар вақтҳои гуногун ҳамарӯза тамрин мекарданд ва аз рӯи ҷадвал субҳи рӯзи шанбе низ амал мекунанд - гуфтааст намояндаи дафтари матбуотии бошгоҳ. Дастаи мазкур  видеои тамринҳоро низ дар сомонаи расмии худ нашр кардааст. Озмоиши ҳамаи бозингарони тим ва кормандони клуб барои коронавирус натиҷаи манфӣ дод ва дар ҳамин замина ба онҳо иҷозат дода шуд, ки дар қароргоҳи худ машқҳои инфиродиро оғоз кунанд. Футболбозони дастаи “Реал Мадрид" низ барои COVID-19 аз озмоиш гузаштаанд. Қаблан мақомоти Испания кам кардани карантинро бо сабаби коҳиши сатҳи коронавирус эълон кард. Ҳукумат аз 2-юми май ба шаҳрвандонаш иҷозат дод, то ки дар ҳавои тоза ба варзиш машғул шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив