LIVE

Бентанкур, Хедира ва Пйянич тарки "Ювентус" намуданд

“Ювентус” ба хулосае омад, ки дигар бо футболбозонаш муқовимат нишон надиҳад ва ба Родриго Бентанкур, Сами Хедира ва Миралем Пйянич иҷозат дод, ки Туринро тарк кунанд. 
Ин футболбозон аввалин нафароне нестанд, ки Ювентусро дар давраи эълони карантин тарк мекунанд. Қаблан ҳамлагар - Гансало Игуаин бо сабаби бемории модараш ба Аргентина сафар кардааст. 
Дар ин бора сомонаҳои Gazzetta dello Sport ва La Republica хабар додаанд. 
Сами Хедира, Миралем Пйянич ва Родриго Бентанкур баъди ташхис барои бемории коронавирус солим буданашон исботи худро ёфт ва роҳбарияти клуб ба онҳо иҷозат дод, ки ба назди оилаҳои худ баргарданд. 
Ёдовар мешавем, ки аз вируси COVID-19 қаблан ду бозигари “Ювентус” - Блез Матюиди ва Даниэл Ругани сироят ёфта буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив