LIVE

Бундеслига аввалин шуда бозгашти худро эълон кард

Роҳбари Лигаи футболи Олмон  (DFL) - Кристиан Зайферт зимни ироаи як баёнияи хеш иброз дошт, ки имкони баргузор намудани идомаи бозиҳо дар Бундеслига мавҷуд аст. Қарори худро масъулони футболи ин кишвар баъд аз он бароварданд, ки Ҳукумати Олмон барои баргузор намудани Бундеслигаи якум ва дуюм иҷозат дод. Гуфта мешавад, ки бозиҳои мусобиқа метавонад, ки дар қисмати дуюми моҳи май бе ширкати мухлисон баргузор шаванд. 

"Хабари хуш барои дастаҳои футболи Бундеслигаи якум ва дуюм. Бозиҳо бидуни мухлис. Ин хулосаи олӣ барои ҳамагон нест, аммо  дар ҳоли буҳронӣ  ва таҳдиди аз байн рафтани якчанд дастаҳо имкони ягонаи наҷоти онҳо маҳсуб мешавад. Табибони дастаҳо низ бояд аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва фаъолияти ҳайатҳоро дурусту мутобиқ ба талаботҳои муқарраршуда анҷом диҳанд”, иқрор шудааст, Зайферт ба сомонаи расмии DFL.

То рӯзи 6-уми май дар Олмон 167 239 ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод  6993 тан ҷони худро аз даст доданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив