LIVE

УЕФА қарзи мухлисонро кай бармегардонад?

Дар пайи хуруҷи коронавирус ҷаҳон зарари калони иқтисодӣ дид, аз ҷумла футбол. Дар баробари он, ки чемпионатҳои миллии кишварҳои аврупоӣ манъ карда шуд, инчунин се мусобиқоти маъруф ва асосии УЕФА - Чемпионати Аврупо, Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо низ баргузор нашуданд.  Мухлисони зиёд интизоранд, ки кай маблағи чиптаҳои харидаашон ба онҳо баргардонида мешавад. УЕФА худ намедонад, ки бо чиптаҳои Ҷоми Аврупо-2020 чӣ кор кунад, зеро ин чорабинӣ дар соли ҷорӣ доир намешавад ва маблағи мухлисонро баргардонидан лозим мешавад. Масъулони футболи Аврупо гуфтаанд, ки онҳое, ки мехоҳанд маблағи худро бозпас гиранд, имкон доранд ва барои он муроҷиат кунанд, аммо боз як варианти дигар низ ҳаст, ки онҳо бо ҳамон чиптаҳо метавонанд дар Ҷоми Аврупои соли оянда низ ширкат варзанд. 
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Аврупо-2020 бояд аз 12 июн то 12 июл дар  12 шаҳру кишварҳои Аврупо баргузор мегардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив