LIVE

Фузайлов беҳтарин муҳофизатгари "Шинник" дар асри 21 эътироф шуд

Овоздиҳии беҳтарин ҳимоятгари хориҷии дастаи "Шинник" дар асри 21 хотима ёфт. Тибқи натиҷаҳои назарсанҷие, ки дар ҳайати расмии бошгоҳ баргузор шуд, яке аз дурахшонтарин дифоъгари футболи тоҷик - Раҳматулло Фузайлов дар номинатсияи беҳтарин муҳофизи хориҷии дастаи "Шинник" бо 36,23 дарсади овозҳо ғолиб шуд. Раҳматулло дар дастаи мазкур 117 бозӣ гузаронида, 5 гол ба самар расонидааст. Фузайлов дар тими миллии Тоҷикистон низ фаъолияти пурсамар анҷом додааст. Феълан ӯ сармураббии дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив