LIVE

Ғалабаи таърихии "Кӯктош"

Бошгоҳи футболи «Куктош» маротибаи нахуст дар тӯли таърихи хеш ба гирифтани ҷоизаи Ҷоми ФФТ даст ёфт. Дар бозии финалӣ шогирдони коршиноси тоҷик - Раҳматулло Фузайлов футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо натиҷаи 2:1 мағлуб намуданд. Бозии муҳими Ҷоми ФФТ-2020 имрӯз, 1-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни «Куктош» ва “Равшан” баргузор шуд.
Барои ишғоли зинаи сеюм дастаҳои КМВА ва “Душанбе-83” рақобат намуданд, ки дар ин майдондорӣ футболбозони “Душанбе-83” бо натиҷаи 3:2 дастболо шуданд.
Ҷоми ФФТ-2020
Бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм
«Душанбе-83» – КМВА – 3:2
Голҳо: Комрони Мирзохон, 43 (0:1). Фарҳод Қосимов, 52 (1:1). Артем Гайдаш, 55 (1:2). Фарҳод Косимов, 72 (2:2). Парфант Явис, 75 (3:2).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Фарҳод Қосимов («Душанбе-83»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
 Финал
«Равшан» – «Куктош» – 1:2
Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 32 – аз пеналти (0:1). Далер Шомуродов, 45+3 – аз пенальти (1:1). Муҳиддин Одилов, 67 (1:2).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳиддин Одилов («Куктош»).
Сардовар: Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе).

Сармчашма: https://varzishtv.tj/tj/news/kuktosh-a-ramon-kard/

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив