LIVE

Кариус ба «Ливерпул» бармегардад

Дарвозабони «Ливерпул» - Лорис Кариус, ки дар дастаи «Бешикташ» ҳамчун бозигари иҷоравӣ буд, қарордоди худро расман бо ин тими футболи Туркия қатъ кард ва дигарбора ба ҳайати «Ливерпул» баргаштан мехоҳад. Лорис Кариус дар ҳайати «Бешикташ» шуруъ аз соли 2018 бозӣ мекард. Тавре гуфта мешавад, бошгоҳи мазкур маоши дарвозабони олмониро пардохт накардааст ва қарзи дастаи шаҳри Истамбул 1,6 млн €-ро дарбар мегирад. Дар робита ба ин футболбози олмонӣ ба ФИФА шикоят бурдааст ва аз ин истифода карда, қарордоди ҳамкориро бо даста якҷониба бекор кардааст. Лорис Кариуси 26 сола сабаби чунин амалашро дар бепарвоии роҳбарияти клуб арзёбӣ намуда, иқрор шуд, ки моҳҳо тоқат карда, барои ҳалли мушкилоташ муроҷиат намудааст. Аммо ҷониби дастаи шаҳри Истамбул нисбати пардохти музди маош чорае наандешидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив