LIVE

«Реал» аз пардохти пурраи маош даст кашид

Аз миёни клубҳои футболи испанӣ ҳамакнун дастаи маъруфи «Реал» низ ба хулосае омад, ки маоши футболбозону кормандонашро аз 12 то 20 % поён фарорад. Роҳбарияти бошгоҳи шоҳона ин иқдомро нисбати тамоми кормандон, бахусус бозигарон рӯи даст гирифт.  Дар марҳилаи аввал масъулини клуб ду нақшаро таҳррезӣ кард. Дар сурате, ки мавсими солҳои 2019/20 идома ёбад, дар он ҳолат маоши онҳо 12 фисад кам карда мешавад. Дар сурати ба таври пурра лағв шудани тамоми мусобиқаҳо бозигарону кормандон 20 % маоши хешро гирифта наметавонанд. “Реал” қаблан бо сабаби манъи бозиҳо музди маоши дастаи баскетболи худро кам карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив