LIVE

Пирӯзии аввалини “Душанбе-83” дар Лигаи олӣ

Дастаи “Душанбе-83”, ки бори аввал дар Лигаи олӣ баромад мекунад, дар майдони худ тими КМВА-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин вохӯрӣ дар даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо шуда, бо ду голи Хуршед Абдуллоев (8, 84) ва як голи Фирӯз Бобиев (88) ба поён расид. Дар воқеъ ин аввалин ғалабаи шогирдони Назиршоҳ Ризимов дар мавсими имсола буд. КМВА бошад, бори аввал дар ин мавсим дучори бохт гардид.
Дар бозии дигари даври 4-уми Лигаи олӣ рақобати дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» доир шуд, ки дар ин майдондорӣ тими «Хуҷанд» бо натиҷаи 2:1 дастболо шуд.
Чӣ тавре ФФТ хабар медиҳад, акнун Чемпионати Тоҷикистон то 10-уми май ба таъхир гузошта мешавад. 
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум
«Душанбе-83» – КМВА – 2:1
Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.
Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив