LIVE

«Тоттенхэм» маоши бозигарони худро кам намекунад

«Тоттенхэм» аз шомил шудан ба барномаи давлатии нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ даст кашид. Ҳадаф аз ташкили лоиҳаи ҳукуматӣ дар он аст, ки дастаҳо набояд шумораи кормандони худро ихтисор кунанд ва аз ҳисоби давлат барои ин амалашон маблағи муайян хоҳанд гирифт. Аммо роҳбарият на танҳо дастаи «Тоттенхэм», балки тимҳои дигари англисӣ ба монанди «Манчестер Сити», «Бернли», «Манчестер Юнайтед» ва  «Ливерпул» ба ин пешниҳоди ҳукумати кишварашон розӣ нашуданд. «Тоттенхэм» ба хулосае омад, ки танҳо маоши роҳбарияти клубро паст фарорад. Клуби лондонӣ гуфтааст, ки тамоми кормандон маоши худро барои моҳҳои апрел-май мегиранд, аммо қисмате аз музди маоши роҳбарият кам карда мешавад. Ин ҳолат вобаста ба хурӯҷи коронавирус дар кишварҳои аврупоӣ гуфта мешавад, ки бо ин сабаб тамоми мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ дар Англия манъ карда шудаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив