LIVE

Гвардиола маоши якмоҳаи худро бахшид

«Манчестер Сити» бо футболбозони худ барои паст кардани музди маошашон гирди як миз нишастан мехоҳад. Феълан гуфтушунидҳои тарафайн дар ин самт идома дорад ва дар назар аст, ки ҳайати кормандону бозигарон пешниҳоди роҳбарияти бошгоҳи худро қабул хоҳанд кард. The Times хабар медиҳад, ки шаҳриҳо сеюмин дастаи Премйер лигаи Англия маҳсуб меёбанд, ки бо футболбозони худ дар масъалаи маош сари як мақсад меоянд. Футболбозон иқдоми сармураббии худ - Хосеп Гвардиоларо, ки бо дарки вазъи мушкили молиявӣ дар натиҷаи коронавирус пешомада, аз гирифтани маоши якмоҳаи худ даст кашида, намунаи ибрат хонда, онҳо низ розианд то маблағи камтар бигиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив