LIVE

Нишасти хабарии Суперҷоми Тоҷикистон

Мавсими нави футбол дар кишварамон бо баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" оғоз меёбад.
Дар Федератсияи футболи кишвар нишасти пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар навбати аввал сармураббии дастаи "Хуҷанд" - Никола Лазаревич дар ҳузури хабарнигорон фикру ақидаҳояшро иброз дошт. Никола Лазаревич афзуд, ки аллакай бо "Истиқлол" дар чорчӯбаи КФО рақобат доштем, аммо ин дидори дигар аст. Бозӣ барои Суперҷом дигар аст. Барои бозӣ бо "Истиқлол" 90 дарсади фикрамонро кардаем, даҳ дарсади дигарашро бозии дар пешбуда муайян мекунад. 
Виталий Левченко - сармураббии тими "Истиқлол" афзуд, ки бозӣ ҷолиб ва диданӣ хоҳад буд. Ӯ иброз дошт, ки мо барои пирӯзӣ тибқи нақшаи худамон пеш меравем ва ҳар дастае қавитар бошад, ҳамон даста ҳам ғолиб мегардад. Алишер Ҷалилов бозигари тими "Истиқлол" гуфт: рақобати Суперҷом танҳо як бозӣ аст ва ҳарчӣ дар тавон дорем ба кор мегирем.
Зимнан ҳарду ҷониб ҳам иброз доштанд, ки футбол бо мухлисон дар майдон зеб дорад, аммо дар вазъияти мавҷуд тасмими масъулон бахусус баргузории мусобиқа бидуни мухлис дар варзишгоҳро тақозои замон шумурданд. Аммо хабари хуш барои мухлисон ин аст, ки метавонанд бозии Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Истиқлол" - ро 4-уми апрел соати 17-00 ба таври мустақим аз тариқи шабакаҳои Варзиш ва Футбол тамошо кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив