LIVE

Виктор Ваняма МЛС-ро интихоб кард

Иштирокчии финали Лигаи Қаҳрамонҳо дар мавсими пешин даст ба ислоҳоти кадрӣ задааст.  “Тоттенхэм Хотспур” Виктор Ванямаро ба Монреал Импакт фурӯхт. Нафароне,ки намедонанд,ин даста дар МЛС бозӣ намуда, дар хусуси тавзеҳотҳои молиявӣ ва шартномаи хусусии бозингар чизе гуфта намешавад. Аммо кам эҳтимол аст,ки ба касе ин маълумотҳо шавқовар бошанд ва ягон рақамҳои ғайричашмдоштро мо онҷо намебинем. Ҳарчанд,ки пешгӯиҳо дар мавриди прогресси ин бозингари сафедпӯшони лондонӣ буданд,вале ахиран Ваняма бозигари шуҳратёр дар Аврупо шуда натавонист. Ҳолати ҷисмонии хуб ва партофҳои ҷолибу зарбаи қавӣ аз омилҳои мусбии Ваняма буда, бо вуҷуди ин Виктор бозингари рақобатпазир шуда натавонист. Ин футболбози кениягӣ дар мавсими ҷорӣ танҳо ду бор чанд дақиқагӣ ба майдон баромаду халос. Таҳти роҳбарии Жозе Моуринйо умуман бозӣ накардааст. Дар МЛС бошад Виктор Ваняма таҳти роҳбарии Тйерри Анри ба майдон омада, бояд,ки корҳояш барор бигирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив