LIVE

Финалистони Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон маълум шуданд

Дастаи "Истаравшан" тавонист дар даври ниманиҳоии бозиҳои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон пас аз ғалаба бар дастаи "Куктош" ба бозии ниҳоӣ роҳхат бигирад. Вақти асосии бозӣ мусовӣ 0:0 ба анҷом расид ва дар задани зарбаҳои ҷаримавӣ футболбозони тими "Истаравшан бо ҳисоби "5:4 пирӯз шуданд.
Дар вохӯрии дигари ин давр низ ғолиб пас аз задани зарбаҳои ҷаримавӣ муайян гардид. Футболбозони дастаи "КМВА" тавонистанд бо ҳисоби 5:2 бар дастаи "Душанбе-83" ғолиб шаванд, вақти асосӣ 1:1 ба охир расид.
Ҳамин тавр рӯзи 18-уми март дастаҳои "Истаравшан" - "КМВА" барои Ҷом ва "Куктош" - "Душанбе-83" барои мақоми сеюм мубориза мебаранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив