LIVE

Директори «Леганес»: «Барса» проблемаи худро ба сари мо бор кард

Директори генералии дастаи «Леганес» - Мартин Ортеги дар мавриди гузариши ҳамлагари тим - Мартин Брайтвайт ба «Барселона» чунин изҳори ақида кард:  

«Мо гумон дорем, ки қоидаҳои беадолатона амал мекунанд, ки аз он «Барселона» сӯистифода кард ва ҷабрдида «Леганес» шуд. Мо коре карда натавонистем, чунки «Барселона» ҳама корро аллакай анҷом дода буд. 
Мо мехоҳем, ки суханамон ба гӯши ҳамагон расад. Онҳо ба мо зарари калон ва ҷиддӣ расониданд. 
Мо тасаввур карда наметавонем, ки як ҳамлагар лат мебардораду ба муҳлати тулонӣ канор меравад, имкони бартараф кардани проблемаро тавассути зарар расонидан ба дастаи дигар ҳал мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба «Барселона» иҷозаи ҷалби ҳамлагар дода шуд, аммо ба «Леганес» не. Пас мо бояд мавсимро бидуни ҳамлагар анҷом диҳем», иқрор шудааст: Ортеги.

Ёдовар мешавем, ки ба «Барселона» иҷозат доданд, ки дар вақти пӯшида будани бозори трансферӣ аз сабаби ҷароҳат бардоштани Луис Суарес ва Усман Дембеле ҳамлагар бихарад. 

Next Post

Комментарии 1

Хисомиддин
Хисомиддин от 21 февраля 2020 12:50
  1. И ганда бозингари сахтай чи и итари гуфта боша.

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив