LIVE

«Барса» иҷозаи хариди ҳамлагари навро пайдо кард

«Барселона» иҷозати ҷалби футболбози ҷадидро дар замоне, ки бозори гузаришҳо пӯшидааст, пайдо кард. 
Комиссияи тиббии Ла Лига  расман эълон намуд, ки  форварди нилунориҳо - Усмон Дембеле бо сабаби ҷароҳат бардоштан ба муҳлати дароз аз қатор уфтод ва дар регламенти чемпионати Испания омадааст, ки дар сурати дастае, ки ҳамлагараш ҷароҳати сахт бардорад, новобаста аз мавсими трансферӣ имкони ҷалби як бозигарро пайдо мекунад. 
Қаблан ҳамлагари дигари «Барселона» - Луис Суарес низ ҷарроҳӣ шуд ва бозгашташ ба майдон на камтар аз 4 моҳ тӯл мекашад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив