LIVE

«Барса» Коутинюро бо 80 млн мефурӯшад

«Барселона» арзиши ниммуҳофизатгари бразилии хеш - Филиппе Коутинюро дар равзанаи гузаришҳо муқаррар кард.  Дар ин бора Mundo Deportivo навиштааст. 
Роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ бо дарки он, ки дар бозори гузаришҳо талабот ба ин футболбоз рӯз то рӯз коҳиш меёбад, арзиши ӯро як баробар кам кард. Яке аз талабгорони бозигари мазкур  тими «Бавария» маҳсуб мешуд, ки мюнхениҳо низ аз харидории ӯ даст кашиданд ва намехоҳанд ба ӯ ҳамасола 8 миллион € маош диҳанд.  
«Барселона» мақсад дорад барои Филиппе Коутиню 80-90 млн € ба даст биёрад, аммо ҳолати кунунии футболбоз намегузорад то дастаҳои хоҳишманд чунин маблағро барои ӯ сарф кунанд.
Дар моҳи январ «Бавария» - Коутинюро ба «Барселона» баргардонидан мехост. Ҷониби каталониҳо бозгашти ӯро ба дастаи аслиаш қабул накарданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив