LIVE

Навиди трансферии рӯз аз Италия

«Рома» аз фаъолияти  Крис  Смоллинг розӣ аст ва аз ҳамин сабаб бо «МЮ» дар хусуси харидории ин ҳимоятгар оғози гуфтушунид кардааст. Ростӣ мулоқотҳо дар ин мавзуъ то ҳол номуваффақ идома ёфта истодааст: «гургҳо» баҳри Крис  15 млн евро пешниҳод доранд, аммо «девони сурх» 29 млн евро талаб доранд.
Sky Italy бошад иттилоъ медиҳад,ки   сару садоҳо дар мавриди гузариши Эриксен ба «Интер» дар ҳамин рӯзҳо ба анҷом мерасанд.  
Ҳамчунин директори «Рома» Ҷанлука Петрачи ба Sky Sport гуфтааст,ки римиҳо дар харидории  вингери 21-солаи   «Барселона» Карлес  Перес наздиканд. Мавсуф гуфтааст,ки дар шартномаи Перес нуқтаи харидкунии барвақтӣ қайд карда намешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив