LIVE

Неймар голашро ба Коби Брайанти марҳум эҳдо намуд

Дар бозии дастаҳои “Лилл” ва “ПСЖ” ҳамлавари парижиҳо Неймар зарбаи пеналтиро ҷониби дарвозаи рақибон иҷро кард. Маҳз ин зарбаи ҳадафраси худро бозигари бразилӣ ба баскетболбози дастони НБА Коби Брайант, ки зимни суқути ҷархбол ба ҳалокатрасид, бахшидааст.  
Неймар пас аз задани гол бо ангуштонаш рақамҳои 2 ва 4-ро нишон дод. Қобили қайд аст,ки Коби Брайант таҳти рақами 24 баромад намуда буд.
Ёдрас мекунем,ки баскетболбози 41-солаи дастони амрикоӣ Коби Брайант саҳарии рӯзи якшанбе дар Калабаса ба ҳалокат расида, дар масири маснади варзишии хеш панҷ маротиба бо  ҳайати “Лос Анҷелес Лейкерс” қаҳрамони НБА гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив