LIVE

Неймар: Ман тӯбро ба Кавани ба хотири ошти шудан надодам

Ҳамлагари «ПСЖ» Неймар назари худро дар бораи пеналтие, ки Кавани дар Лигаи чемпионҳо ба дарвозаи «Галатасарай» зад баён намуд. 

«Ман иҷозаи иҷрои зарбаи ҷаримавии 11 метраро на бахотири оштӣ шудан ба касе додам. Қабл аз ҳама дар бораи манфиати даста андеша мекунам ва дар варзишии даставӣ нафари инфиродиро ҷой нест.  Агар ба ин фикр розӣ нашавам пас бояд на футбол, балки теннис бозӣ кунам. Дар футбол ҳама бояд худро хушбахту хуб эҳсос намоянд.  Гумон мекунам, ки Кавани ба ин чиз ниёз дорад. Дар бозӣ бо «Галатасарай» тамоми ҳамлагарон голзанӣ намуданд ва мо хушҳолем”, гуфтааст Неймар. 
Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 82-юми дидор бо «Галатасарай» довар зарбаи пеналтӣ тайн намуд ва дар ибтидо Неймар тӯбро ба даст гирифту мақсади зарбазанӣ дошт, аммо баъдан аз фикраш гашту онро ба Эдинсон Кавани дод ва ӯ зарбаро иҷро намуд. 
Сентиябри соли 2017 миёни Неймар ва Кавани барои амалӣ намудани зарбаи ҷаримавӣ нофаҳмӣ ба миён омода буд, ки он вақт ҳамлагари уругваӣ ба Неймар барои иҷрои зарба иҷозат надода буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив