LIVE

Бозигарони «Тоттенхэм» аз кори Моуринё розӣ нестанд

Футболбозони дастаи лондонии «Тоттенхэм» аз услуби коргузории сармураббии нави худ Жозе Моуринё изҳори норозигӣ баён намудаанд. Дар ин бора The Sun хабар медиҳад. Мутахассиси португалӣ бештар дар бозиҳо ба партофтҳои дароз ба самти пеш мароқ зоҳир мекунад, ки ба қавли футболбозони калидии даста ин услуб хос ба бозии «Тоттенхэм» нест ва методикаи куҳнашудаву обшудастааст, ки дастаҳои Лигаи поёнтар аз он кор мегиранд. Дар ин миён онҳо танқидҳои сахти Моуринёро қабул надоранд. Барои мисол сармураббӣ ниммуҳофизатгари дастааш Танги Ндомбелеро футболбози латбардор ном кардааст, ки ба ҳайати бозигарон писанд наомадааст. Моуринё борҳо норозигии худро нисбати  Ндомбеле баён намудааст, ки ба қавли ӯ ин ниммуҳофизатгар, ки тобистони солиг узашта ба дастаи лондонӣ даъват шуд, аз осори ҷаҳоратҳои қаблии бардоштааш, имкони дар сатҳи баланд бозӣ карданро пайдо намекунад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив