LIVE

Моуринио низ садди роҳи “машинаи Клопп” нашуд

Дастаи “Ливерпул” дар бозии марказии даври 22-юми Лигаи бартари Англия меҳмони “Тоттенҳэм” шуд. Тақдири ин бозиро голи ягонаи Роберто Фириминио, ки дар дақиқаи 37-ум бо паси Муҳаммад Салоҳ зад, ҳал кард. Баъд аз ин комёбӣ шогирдони Юрген Клопп нишондоди дастаи “Манчестер Сити”-ро, ки дар мавсими 2017/18 пас аз 21 бозӣ 59 имтиёз касб карда буданд, дигар каранд. Ҳоло дар ҳисоби “сурхпӯшон” 61 имтиёз буда, ҳоло дар чемпионат онҳо ягона дастаанд, ки боре ҳам дучори шикаст нагаштаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив