LIVE

Ривалдо: “Барселона бояд Валвердеро аз кор ҷавоб диҳад”

Собиқ бозингари дастони ”нилунориҳо” Ривалдои бразилӣ  ба бошгоҳи каталонӣ маслиҳат додааст,ки бояд аз сармураббии феълӣ халос шаванд.
Ривалдо дар ин асно дақиқан чунин гуфтааст:
    “Валверде фурсатҳои охирини корияшро пас сар намуда истодааст. Бошгоҳ бояд ӯро ҷавоб диҳад,чаро ки “Барселона” набояд чунин тавр дучори бохтҳо бигардад. Мураббӣ бояд ба чунин  мушкилотҳо дар рафти бозӣ аксуламал нишон диҳад. Агар ӯ одатан шинаду тамошо кунад,дар чунин ҳолат рақибон дар давоми бозӣ метавонанд ба натиҷаҳои мусбӣ даст ёбанд”.  
Ин суханҳо пас аз бохти “нилунориҳо” аз тими “Атлетико”-и Мадрид (2:3) дар Суперҷоми Испания ба миён омадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив