LIVE

Амали ҷолиби дарвозабони “Брайтон” ҳамагонро ба ваҷд овард.

Дарвозабони австралиявии бошгоҳи футболи “Брайтон Хоув Албион”  Мэтт Райан баҳри мубориза бар муқобили сӯхторҳо дар Австралия амали ҷолиби хайриявиеро оғоз намудааст. 
  Маҳз бо мақсади мубориза бар муқобили сӯхторҳо дар ватани хеш ва бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор дарвозабони австралиявии “Брайтон” баҳри ҳар як наҷоти дарвоза аз гол ё худ (сейв)-и  анҷомдодаи дарвозабонони Премер Лигаи Англия ба ҳисоби ин фонди мазкур 450 евро хайр мекунад. Дар ин бора футболбози мазкур дар сафҳаи “твитер”-и худ навиштааст.
 “Аз сабаби харобшавии муҳити атроф  дар Австралия,ки баъди сӯхторҳо ба миён омад, ман баҳри ҳар як сейви анҷомдодаи дарвозабонони Премер Лигаи Англия  ба фонди хайриявии мазкур   450 евро   хоҳам гузаронд. Ташаккур барои дастгириҳое,ки  Шумо дар мисоли як миллат ба мо мерасонед-Мо ҳамагон меҳрубониву накӯкориҳоятонро арзишманд меҳисобем.  Аммо айни ҳол ҳам дар кишвари мо одамон ва ҳайвонот аз хонаҳо ва ҳаёташон маҳрум мешаванд ё ки дар хатаранд. Ҳамчунин қабилаҳои бузургу инфрасохторҳои молиявӣ ва чизҳои бештаре ҳам таҳти хатар ҳастанд.
 Итминон дорам,ки мо ба ҳамин тартиб идома медиҳем ва мардумонро ба хайрияҳо нисбати ҷабрдидагон ҳавасманд   месозем. Даст ба дуо мекунем. Дар пеш чизҳои беҳтар хоҳад буд!”- навиштааст Райан. 
 Дар мавсими ҷорӣ бошад Мэтт Райан дар ҳайати асосии “Брайтон” 21 бозӣ дар Премер Лигаи Англия анҷом додааст. Дар сафи мунтахаби Австралия бошад ин дарвозабон 58 бозӣ дар ҳисоб дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив