LIVE

Роналду: Дар бораи таҷлили голҳояш бо тарҳи махсус ҳарф зад?

Ҳамлавари дастони португалӣ ва бозикуни клуби - «Ювентус» Криштиану Роналду гуфтааст, ки барои таҷлили голҳои худ бо услуби махсус ихтирои тулонии ӯ нест ва барои анҷом доданаш низ қаблан фикр ҳам накардааст. Ёдовар мешавем, ки футболбоз баъди задани гол ба канори майдон мешитобаду баъдан бо ҷаҳиш давр зада, дастони худро мекушояд. Ҳатто баланд «Si!» садо мекунад, ки маънии “Бале”-ро доштааст. 

«Ман бо овози баланд «Si!», садо карданро дар  «Реал» оғоз кардам. Зеро дар сурати ғалаба ҳама дар якҷоягӣ  «Siii!»  гуфта, дод мезаданд. Вақте, ки мо ба мавсими нав дар Лос-Анджелес омодагӣ медидем, бо «Челси» бозӣ доштем ва баъди задани гол табиатан чунин ҳаракатҳоро анҷом додам. Баъдан аз ман пурсон шуданд, ки барои чӣ чунин кардӣ?, гуфтам намедонам. Ин якбора бидуни андеша пайдо шуд ва беҳуда нагуфтаанд, ки амалу ҳаракатҳои хуб  худ ба худ пайдо мешаванд”,  иқрор шудааст Роналду.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив