LIVE

Тоҷикистон аз Чин бо як имтиёз бармегардад

Дастаи миллии олимпии Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев ҳунарнамоиашро дар мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» ба поён расонид. Дар дидори сеюм футболбозони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Сурия рақобат намуданд. Дидори дастаҳо муссовӣ 0:0 ба анҷом расид. Маврид ба зикр аст, ки тамоми 45 дақиқаи қисми дуюмро футболбозони тоҷик бо шумораи кам идома доданд. Дар дақиқаи 42-ум Шарафҷон Солеҳов бо сабаби корти сурхаш майдонро тарк гуфт. Аз ин пеш дастаи мо дар рақобат бо Чин (1:2) ва аз Малӣ (0-3) шикаст хӯрда буд. 

Мусобиқаи байналмилалӣ «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»
Даври 3-юм 

ТОҶИКИСТОН (U-22) – Сурия (U-22) – 0:0

Тоҷикистон (U-22): Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев, Алишер Баротов, Доробҷон Эргашев (Отабек Каримов, 78), Кароматулло Саидов, Мухаммадҷон Раҳимов (Тоҳир Малодӯстов, 90+4), Ислом Зоиров, Шарафҷон Солеҳов, Шериддин Бобоев, Диловаршо Ғаниев (Шаҳром Самиев, 89).

Next Post

Комментарии 1

_davlatov_08_
_davlatov_08_ от 14 декабря 2019 21:30
ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ БА ПЕШ🇭🇺🇭🇺

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив