LIVE

🎬 «Барселона» ба беҳтарин нишонзани MLS шартнома пешниҳод кард

Бошгоҳи «Барселона» мехоҳад ҳамлагари 30 солаи дастаи «Лос Анҷелес» - Карлос Веларо харидорӣ намояд.

Мавсими гузашта футболбози мексикагӣ дар 36 бозӣ 34 гол ва 12 партофти головарро сабти номи худ намудааст.

«Воқеан ин хабар рост аст. Шартнома дар мизи ӯст, вале ман намедонам ӯ чи кор карданист. Аслан ин як имконияти беназир мебошад, чун «Барса» беҳтарин тими ҷаҳон аст. Ҳамчун мексикагӣ ман умедворам, ки музокирот амалӣ мешавад. Инчунин гуфта метавонам, ки феълан ӯ хеле хушҳол аст дар «Лос-Анҷелес»., -иқтибос меорад Goal аз суханони шарики ӯ дар тими мунтахаб, Ҷонатан дос Сантос.

Дар тӯли корномааш дар дастаҳои «Арсенал», «Селта», «Саламанка», «Осасуна», «Вест Бромвич» ва «Реал Сосйедад» ҳунарнамоӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив