LIVE

Нуҳ голи "Соро" дар бозии дуюм ба дарвозаи "Сипар"

Вохӯрии дуюми финалии чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал бо ғалабаи калони дастаи "Соро кампания" ҷамъбаст шуд. Шогирдони Пайрав Воҳидов ба дарвозаи мизбонон нуҳ гол зада, ду гол ба дарвозаи худ сар доданд. Акнун дастаҳоро дар Душанбе ду бозии дигар интизор аст. Эҳтимолияти ташкили бозии панҷуми ниҳоӣ ҳам вуҷуд дорад, зеро дар ду бозии дигар агар дастаҳо ғалабаро байни ҳам тақсим кунанд, тақдири медалҳои тиллои чемпионат дар дидори панҷум ҳал мешавад. Ёдовар мешавем, ки бозии аввал дирӯз бо ғалабаи "Сипар" 3:2 ба анҷом расида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив