LIVE

Афғонистон дар лаҳзаҳои охир се имтиёзро аз даст дод

Тимҳои миллии Афғонистон бо Ҳиндустон дар доираи даври 5-уми марҳилаи дуюми муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дидор аноҷм дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Голи аввали бозиро дар дақиқаи 45+1 футболбози афғон Зулфиқор Назарӣ ба самар расонид. Дар қисмати дуюми бозӣ Афғонистон бештар ба ҳимоя таваҷҷӯҳ мекард ва Ҳиндустон бошад ҳуҷум менамуд. Дар дақиқаҳои илова кардаи довар бозингари Ҳиндустон Сейминлен Дангл имконият пайдо кард, ки ҳисобро баробар намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив