Бозигари хати ҳамлаи бошгоҳи “Аякс”-и Амстердам Мика Годтс гуфтушунидҳоро бо “ПСЖ” тасдиқ кард.
"Ман хурсандам, ки дар сафи “Аякс” бозӣ мекунам. Бале, музокирот бо “ПСЖ” идома дорад. Ҳоло дар ин ҷо ҳастам ва тамоми кӯшишамро ба харҷ медиҳам", - иқтибос рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоии X аз суханони Годтс.
Мавсими гузашта бозигари 21-солаи белгиягӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 44 бозӣ гузаронида, 17 гол ва 15 партофти голӣ ба номаш навишта кард. Шартномаи ӯ бо дастаи Нидерланд то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 35 миллион евроро ташкил медиҳад.
