LIVE

Бозигари 19-солаи "Бавария" эҳтимолан ба сафи "Челси" мепайвандад

Бозигари канории 19-солаи «Бавария» Матиас Телл тасмим гирифт, ки дар равзанаи трансферии зимистона дастаи шаҳри Мюнхенро тарк кунад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, “Челси” сароғози моҳи ҷорӣ дар бораи ин футболбоз маълумот дархост карда буд, аммо дастаҳои дигаре низ ба ӯ таваҷҷӯҳ доранд. “Бавария” тамоми имконоти ҷойдоштаро нисбати фурӯши ин бозигар дар бозор баррасӣ хоҳад кард.
Мавсими ҷорӣ Тел дар 13 бозии ҳама мусобиқаҳо ширкат варзида, як партофти головар дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи   Телл то соли 2029 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 30 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив