LIVE

Ян Диоманде бозигари нави “Реал Мадрид” мешавад – Романо

Футболбозии бошгоҳи “РБ Лейпсиг” Ян Диоманде    бозигари нави “Реал Мадрид” мешавад, хабар дод рӯзноманигор Фабрицио Романо дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Рӯзи якшанбе, 26-уми июл ҷониби мадридӣ бо бошгоҳи “РБ Лейпсиг” барои гузариши африқоӣ бозигар бар ивази маблағи беш аз 100 миллион евро  ба созиш омадааст.
Диоманде ин ҳафта барои муоинаи тиббӣ ва имзокунии шартномаи мӯҳлаташ то июни соли 2031 ба шаҳри Мадрид сафар мекунад.
Мавсими гузашта, Диоманде дар ҳама мусобиқаҳо 36 бозӣ анҷом дода, 13 гол ва 10 партофти голӣ дар номаш дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 90 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив