LIVE

Флориан Виртс бар ивази 150 млн евро ба "Ливерпул" мегузарад

Нимҳимоятгари ҳуҷумкунандаи олмонӣ Флориан Виртс аз сафи “Байер” ба «Ливерпул» мегузарад. Арзиши гузариши футболбоз 150 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, интиқоли футболбози 22-сола ҳатман амалӣ мегардад. Дар ҳоли ҳозир Виртс барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва имзои шартнома омодагӣ мегирад.
Мавсими гузашта Виртс 45 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо гузаронида, муаллифи 16 гол ва 15 партофти головар шудааст. Сомонаи бонуфузи Transfermarkt арзиши бозории Флорианро 140 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив