LIVE

Арзиши Родри барои “Барса” метавонад аз 210 млн евро зиёд бошад — AS

Гузариши эҳтимолии нимҳимоятгари испанӣ Родри аз “Манчестер Сити” ба “Барселона” метавонад 210 миллион евро арзиш дошта бошад. Тибқи иттилои AS каталониҳо ба бозингар шартномаи чорсола бо маоши 15 миллион евро дар як сол пас аз андоз пешниҳод кардаанд.
Бо назардошти андозҳо “Барселона” барои маоши Родри дар як мавсим 34 миллион евро сарф мекунад. Ин хароҷот дар якҷоягӣ бо маблағи гузариш дар ҳаҷми 80 миллион евро ва ҳаққи агентҳо то ба 210 миллион евро мерасад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи англисӣ ду пешниҳоди каталониҳоро барои бозингар рад кардааст.
Қайд карда шуд, ки гузариши бозигарон бо пардохтҳои камшуда як сол пеш аз ба охир расидани шартномаҳояшон чизи аллакай гузашта аст. Охирин чунин созишнома ҳам ба гузашири Тони Крооси олмонӣ ба маблағи 20 миллион евро аз “Бавария” ба “Реал Мадрид” пайванд буд, ки12 моҳ пеш аз ба охир расидани шартномааш амалӣ гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив