LIVE

Ҳаҷми маоши Мбаппе дар "Реал" маълум шуд

Маоши ҳамлагари 25-солаи «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе бо назардошти мукофотпулӣ тақрибан 36 миллион евро дар як сол аст. Дар ин бора рӯзноманигор Рамон Алварес де Мон дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ бошгоҳи шоҳона баъди рафтани нимҳимоятгар Тони Кроос, ки маошаш тақрибан 20 миллион евро, ҳамлагар Хоселу (2 миллион евро) ва ҳимоятгари марказӣ Начо Фернандес (10 миллион евро)  аз даста рафтани маоши Мбапперо зиёд кардааст.  
Илова бар ин, як қисми маблағ пас аз он зиёд карда шуд, ки нимҳимоятгари 39-сола Лука Модрич тобистони соли гузашта шартномаашро бо бошгоҳ тамдид карда, розӣ шуд то маоши ӯро аз 24 миллион евро то 12 миллион евро кам кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив