Ҳамлагари бошгоҳи "Барселона" Ферран Торрес дар бораи хабарҳо оиди гузариши эҳтимолиро ба “ПСЖ” шарҳ дод. Шарҳу тавзеҳи бозигари испаниро Фабрисио Романо бо такя ба мусоҳиба бо CNN иқтибос овард.
"Дар футбол ҳама чиз метавонад дар як дақиқа тағйир ёбад. Ҳеҷ гоҳ намедонӣ, ки чӣ мешавад. Ман бояд барои ҳама чиз омода бошам", - гуфт Торрес.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки “ПСЖ” нисбати ин ҳамлагари 25-солаи испанӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Аммо худи бозигар имконияти гузаришро на тасдиқ ва на рад кард.
Мавсими гузашта Ферран Торрес дар ҳама мусобиқаҳо 49 бозӣ анҷом дода, ба задани 21 гол ва ирсоли се партофти головар даст ёфтааст.
