Ҳамлагари 20-солаи "Борнмут" Эли Крупи метавонад фаъолияти худро дар "Тоттенҳэм" идома диҳад. Тибқи иттилои TEAMtalk пас аз оне, ки ПСЖ нисбати ҳамлагари "Барселона" Ферран Торрес таваҷҷӯҳ кардааст, имкони "Тоттенхэм" барои ба даст овардани ин бозингар афзун шудааст. Худи Крупи омода аст ба тими нав гузарад.
Ба гуфтаи манбаъ "Тоттенҳэм" нақша дорад, ки дар ояндаи наздик барои ин футболбози фаронсавӣ ба "Борнмут" тақрибан 100 миллион евро пешниҳод кунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Крупи мехоҳад таҳти роҳбарии Роберто Де Зерби, ки аз охири мавсими гузашта "Тоттенхэм"-ро роҳбарӣ мекунад, бозӣ кунад.
Ба ин ҳамлагар инчунин аз ҷониби "Арсенал", "Манчестер Сити" ва "Бавария" таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.
Эли Крупи мавсими гузашта дар "Борнмут" 35 бозӣ анҷом дода, 13 гол задааст. Арзиши бозории ӯ тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt 70 миллион евроро ташкил дода, мӯҳлати шартномаи Крупи бо лондониҳо то тобистони соли 2030 эътибор дорад.
