Бозии даври 16-уми Премер-Лигаи Англия 2025/2026 байни дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Борнмут” дар варзишгоҳи Олд Траффорди Манчестер, Англия бо ҳисоби мусовии 4-4 ба анҷом расид.
Англия - Премер-Лига. Даври 16-ум
16 декабри соли 2025, сешанбе. 01:00 ДШБ
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 4:4 “Борнмут” (Борнмут)
1:0 Диалло – 13' 1:1 Семенё – 40' 2:1 Каземиро – 45+4' 2:2 Эванилсон – 46' 2:3 Тавернйе – 52' 3:3 Фернандеш – 77' 4:3 Куня – 79' 4:4 Крупи – 84'
Ҳамлагари мизбон Амад Диалло дар дақиқаи 13-ум голи аввалини бозиро зад. Ҳамлагари меҳмонон Антуан Семенё бошад дар дақиқаи 40-ум ҳисобро баробар кард. Дар охири нимаи аввал, дар дақиқаи чоруми иловашуда ба нимаи аввал нимҳимоятгар Каземиро “Манчестер Юнайтед”-ро ба пеш баровард. Вале аллакай дар дақиқаи 46-уми нимаи дуюм Эванилсон ҳисобро баробар кард. Нимҳимоятгар Маркус Тавернйе дар дақиқаи 52-ум голи сеюми “Борнмут”-ро ба ҳадаф расонид. Бруну Фернандеш ва Матеус Куня дар дақиқаҳои 77 ва 79-ум голҳои "девони сурх"-ро заданд. Аммо дар дақиқаи 84-ум ҳамлагари меҳмонон Эли Крупи ҳисобро 4-4 намуд
Пас аз 16 бозӣ "Манчестер Юнайтед" бо 26 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвали Премер-лига қарор дорад. "Борнмут" бо 21 имтиёз дар ҷои 13-ум мебошад. "Арсенал" бо 36 имтиёз дар ҷадвал пешсаф аст.
