LIVE

“Ливерпул” оиди харидории Барколя гуфтушунидҳо гузаронидааст

Бошгоҳи футболи “Ливерпул” дар бораи гузариши бозигари “ПСЖ” Брэдли Барколя гуфтушунидҳои пешакӣ анҷом додааст, аммо тамосҳои расмӣ байни ҷонибҳо ҳанӯз оғоз нашудаанд. Дар ин бора хабарнигор Бен Ҷейкобс дар   шабакаҳои иҷтимоии X хабар додааст.
Ба гуфтаи  манбаъ созишнома аз арзиши пешниҳод вобастагаӣ дорад: “ПСЖ” 170 миллион евро талаб кардааст, дар ҳоле ки “Ливерпул” ин маблағро ғайривоқеӣ мешуморад. Ҳадафи "сурхҳо" ба мувофиқа расидан бо маблағи камтар аст, зеро Барколя ҳадафи асосии даста дар равзанаи тобистонаи трансферӣ мебошад.
Қайд карда мешавад, ки “Ливерпул” аллакай тобистони гузашта кӯшиш кардааст, ки Барколяро харидорӣ кунад, замоне ки арзиши ӯ тақрибан 85 миллион евро буд. "Сурхҳо" ҳоло қасд надоранд, ки аз ин маблағ ду баробар пардохт кунанд. Аммо, мавқеи парижиён дар бораи нархи эҳтимолии интиқол аз ҷониби бозори ПЛА ва созишномаҳо дар дохили лигаи Англия муайян карда мешавад (хусусан, гузаришҳои гаронбарзиши Эллиот Андерсон ба “Манчестер Сити” ва Морган Роҷерс ба “Челси”).
Дар тими англисӣ чунин тасаввур вуҷуд дорад, ки агар тобистони имсол созиш ба даст наояд, “ПСЖ” хатари аз даст додани Барколяро дар соли 2027 бо нархи хеле камтар дорад, зеро фаронсавӣ намехоҳад шартномаи нав имзо кунад. Шартномаи кунунии ӯ тобистони соли 2028 ба охир мерасад.
Худи Барколя  тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, тобистони имсол омода аст, ки “ПСЖ”-ро тарк кунад.
Мавсими гузашта Брэдли дар ҳама мусобиқаҳо 49 бозӣ анҷом дода, 13 гол ва ҳафт паси голӣ ба омор гирифтааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 90 миллион евро мебошад. Дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 Баркола дар ҳамаи ҳашт бозии тими миллии Фаронса бозӣ карда, се гол  ва як паси голӣ ба номаш навишта намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив