«Бавария» нисбати ҳамлагари канории бошгоҳи «ПСЖ» Брэдли Барколя таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Дар ин бора Sky Sports хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи олмонӣ вингери 22-солаи фаронсавиро ҳамчун бозигари асосӣ дар қаноти чап мебинад. Қайд карда мешавад, ки нафари дигари ивазкунандаи Барколя Нико Уилямси испанӣ аз “Атлетик” мебошад. Тими мюнхенӣ ҳамчунин ба Рафаэл Леау («Милан»), Коди Гакпо («Ливерпул») ва Каору Митома («Брайтон») таваҷҷӯҳ дорад.
Пештар маълум шуда буд, ки “ПСЖ” нисбати ҳимоягари «Бавария» Ким Мин Чжэ гуфтушунидҳои аввалияро оғоз кардааст.
Мавсими гузашта Барколя дар тамоми мусобиқаҳо 58 бозӣ гузаронида, ба задани 21 гол ва ирсоли 19 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории ин фаронсавӣ 70 миллион евро аст.