LIVE

Сармураббии мунтахаби Португалия аз мақомаш истеъфо дод

Сармураббии мунтахаби Португалия Роберто Мартинес пас аз нокомии даста дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз вазифаи худ истеъфо дод.
Мунтахаби Португалия дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 0:1 аз мунтахаби Испания шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои унвони қаҳрамонӣ маҳрум шуд.
Пас аз анҷоми ин бозӣ, Мартинеси испанӣ   расман эълон кард, ки аз мақоми сармураббии мунтахаби Португалия канор меравад.
Бино ба иттилои расонаҳои Португалия, эҳтимолан Жорже Жезуш сармураббии нави мунтахаби кишвар таъин хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ӯ бо Федератсияи футболи Португалия то анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2030 шартнома ба имзо мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки Роберто Мартинес аз моҳи январи соли 2023 роҳбарии мунтахаби Португалияро бар уҳда дошт ва дар ин муддат дастаро ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 расонд. Ҳамчунин, Мартинес бо тими миллии Португалия ғолиби Лигаи миллатҳои УЕФА дар мавсими 2024/25 шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив